Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Андерс Беринг Брейвик, гумонбар дар ду ҳамлаи террористӣ дар Норвегия, имрӯз бори аввал мавриди бозпурсӣ дар додгоҳ қарор мегирад. Бар асари ду ҳамлаи анҷомдодаи Брейвик дасти кам 93 нафар кушта ва тақрибан 100 каси дигар маҷрӯҳ шуданд.

Ин субҳ бори аввал баъд аз боздошташ дар шоми рӯзи ҷумъа, Брейвик ба бинои марказии додгоҳи Осло интиқол хоҳад ёфт. Қарор аст, ки додрас дар мавриди барои кадом мӯҳлат таҳти ҳабс қарор додани ӯ тасмим бигирад. Бар пояи қавонини Норвегия, мақомот метавонанд гумонбарро барои чаҳор ҳафта боздошт ва дар сурати зарурӣ ин мӯҳлатро тамдид кунанд.

Нимарӯзии душанбе мардуми Норвегия ба ёди қурбониёни ҳамлаҳои террористии рӯзи ҷумъа як дақиқа сукут меварзанд. Шветсия низ тасмим гирифтааст, ки ба хотири ҳамраъй бо кишвари ҳамсоя нимарӯзӣ як дақиқаи сукут эълон кунад.

Дирӯз ҳазорон сокинони Осло дар ҷойи ҳалокати қурбониёни таркиш гул гузоштанд.
XS
SM
MD
LG