Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Дар Триполӣ, пойтахти Либия, ду шаб боз садои таркишҳои мудҳиш ба гӯш мерасид. Ба иттилоъи НАТО, ҳавопаймоҳои бритониёвӣ маҷмааи Боб-ул-Азизияро, ки он ҷо ситоди низомӣ ва қароргоҳҳои низомиёни Либия ҷойгиранд, ҳадафи бомбаборон қарор доданд.

Мусо Иброҳим, намояндаи ҳукумати Либия, ахиран изҳор намуд, ки раҳбари кишвар Муаммар Қаззофӣ барои музокирот бо ИМА ва ошӯбгарон омода аст ва аммо ба шарте, ки онҳо сари қудрат мондани Қаззофиро қабул дошта бошанд.
XS
SM
MD
LG