Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Башор Асад дар ду вилоят волии нав таъин кард


Эътирозҳо дар Сурия идома доранд

Эътирозҳо дар Сурия идома доранд

Башор Асад, раисиҷумҳури Сурия, дирӯз волиҳои нави вилоятҳои Дайр-аз-Зор, воқеъ дар марз бо Ироқ, ва Ал-Қунайтра, воқеъ дар ҷанубу ғарби кишварро таъин кард.

Ба иттилоъи ҳомиёни ҳуқуқи башар, рӯзи якшанбе нерӯҳои ҳукуматӣ дар мавзеъи Сарҷеҳ, дар шимолу ғарби Сурия, алайҳи мухолифин амалиёти вижа доир намуданд. Даҳҳо нафар боздошт шуданд. Мақомот интиқоли барқу обро ба ин мавқеъ қатъ карданд.

Ҳомиёни ҳуқуқи башар мегӯянд, ки дар Сурия аз оғози тазоҳуроти мардумӣ бо талаби истеъфои раисиҷумҳур Башор Асад, беш аз яку ним ҳазор нафар ба ҳалокат расидаанд.
XS
SM
MD
LG