Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Ироқ як гурӯҳи "Ал-Қоида" аз байн бурда шуд


Нерӯҳои амниятии Ироқ шабакаи маҳаллии “Ал-Қоида”-ро, ки аъзои он дар куштори беш аз сад кормади полис, низомиён, додрасҳо, мансабдорон ва тоҷирони Бағдод гумонбар мешаванд, аз байн бурданд.

Дар ин бора раиси бахши мубориза бо терроризми идораи полиси Ироқ генерал-майор Аҳмад Абуралиф хабар дод.

Гуфта мешавад, ки ба ин шабака 16 мусаллаҳ ва як корманди полиси нақлиёт шомил буданд. Корманди полис ба ҳамдастони худ дар бораи рақамҳои мошинҳои мансабдорон иттилоъ медод.
XS
SM
MD
LG