Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти ИМА як дипломати баландпояи Кореяи Шимолиро барои баррасиии мавзӯъи эҳёи музокироти байнулмилалӣ оид ба барномаи ҳастаии Пхенян ба Вошингтон даъват карданд.

Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико гуфт, ки даъватнома ба муовини вазири умури хориҷии Кореяи Шимолӣ Ким Ке Гван фиристода шудааст.

Аз ин пештар дар долонҳои нишасти минтақаии амнияӣ дар Индонезӣ мулоқоти қаблан тарезрезинашудаи дипломатҳои Кореяҳои Шимолӣ ва Ҷанубӣ баргузор шуд.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, ҷонибҳо барои мусоидат дар эҳёи музокироти байнулмилалӣ оид ба барномаи ҳастаии Кореяи Шимолӣ, ки се сол пеш мутаваққиф шуда буд, изҳори омодагӣ карданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG