Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қафқоз 24 фармондеҳи мухолифин кушта шудаанд


Дар Кафқози шимолӣ дар шаш моҳи ахир 209 мусаллаҳ, аз ҷумла, 24 раҳбари гурӯҳи ифротгаро кушта шудаанд.

Дар ин бора вазири умури дохилии Русия Рашид Нургалиев дар мулоқот бо ҳайати сарраёсати вазорати умури дохилӣ дар ҳавзаи федеролии Қафқози шимолӣ хабар дод.

Ӯ афзуд, ки аз ибтидои сол зимни ифои вазифа дар Қафқози шимолӣ 99 кормандони полис ба ҳалокат расида, беш аз 250 нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд.
XS
SM
MD
LG