Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талошҳои наҷоти Африқо аз гуруснагӣ


Кумитаи байнулмилалии Салиби Сурх хабар дод, ки ба манотиқи аз хушксолӣ зарардидаи ҷануби Сомалӣ тақрибан 400 тонна маводи озуқа фиристодааст.

Дар ҳамин ҳол Созмони Милали Муттаҳид эълом дошт, дар робита ба ироаи кӯмак ба мардуми Сомалӣ, Ҷибутӣ, Эфиопия, Кения, Судон ва Уганда, ки ба хушксолии бесобиқа дар 60 соли ахир мувоҷеҳ шудаанд, нишасти оҷил доир хоҳад кард.

Бар пояи арзёбии СММ, ба беш аз 12 миллион сокинони ин кишварҳо гуруснагӣ таҳдид мекунад.
XS
SM
MD
LG