Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳкими тадобири амниятӣ дар атрофи масоҷиди Британия


Баъд аз ҳамлаҳои террористии Норвегия тадобири амниятӣ дар атрофи масоҷиди Британия ташдид ёфтааст. Муҳаммад Шафиқ- раҳбари Бунёди Рамазон, ки бузургтарин гурӯҳи мусулмонон дар Британия ба шумор меравад, гуфтааст, ки амнияти масҷидҳо қаввитар шудааст, зеро аз ҳамлаи террористии Норвегия чунин бармеояд, ки шахси гумонбар мухолифи муҳоҷирати мусулмонон ба Аврупо будааст. Шафиқ ба хабаргузории Ассошиейтед Пресс гуфтааст, ки вай дар ин бора бо раҳбарони гурӯҳҳои дигарии мусулмонӣ дар кишварҳои аврупоӣ низ сӯҳбат хоҳад кард, то амнияти худро беҳтар кунанд. Вай ба полиси Британия низ дар бораи зарурати тадбирҳои иловагии амниятӣ хабар додааст.
XS
SM
MD
LG