Пайвандҳои дастрасӣ

Олмон ба шӯришиёни Либия 100 миллион евро қарз дод


Гуйдо Вестервелле-вазири корҳои хориҷаи Олмон

Гуйдо Вестервелле-вазири корҳои хориҷаи Олмон

Имрӯз Олмон эълон кард, ки ба шӯришиёни Либия 100 миллион евро барои кӯмакҳои башарӣ қарз медиҳад. Дар ҳамин ҳол гузоришҳо ҳокист, ки ҳавопаймоҳои НАТО субҳи имрӯз ба ҳадфҳое дар шаҳри Троблус ҳамла бурдаанд. Гуйдо Вестервелле-вазири корҳои хориҷаи Олмон гуфт, ин пулҳо барои он дода мешавад, ки сохторҳои зарурӣ фаъол карда шаванд ва барои доруву хӯрокворӣ ба кор баранд. Олмон ба гурӯҳи кишварҳои НАТО, ки дар Либия амалиёт анҷом медиҳанд, дохил намешавад. Ҳангоми райдиҳӣ дар Шӯрои Амнияти СММ барои мудохилаи низомӣ дар Либия Олмон аз ширкат дар райдиҳӣ худдорӣ кард. Дар гузоришҳо ҳамчунин гуфта мешавад, ки ҳамлаҳои ҳавоии имрӯз на чандон дуртар аз қасри Муаммар Қаззофӣ-раҳбари Либия, яъне дар наздикии Боб ал Азизия ва дар қисматҳои ҷануби шарқи шаҳри Троблус анҷом гирифтааст.
XS
SM
MD
LG