Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Муҳоҷирони кории ғайриқонунӣ дар Новосибирск ифшо шуданд


Ба навиштаи рӯзномаи “Комсомолская Правда”- чопи Русия дар ҷараёни амалиёти ифшои муҳоҷирони ғайриқонуӣ кормандони хадамоти муҳоҷиратии ин кишвар дар вилояти Новосибирск дар сохтмоне 50 нафар муҳоҷирони кории Узбакистону Тоҷикистон ва Қирғизистонро боздошт кардаанд. Бештари ин муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар сохтмоне кор мекардаанд ва дар он ҷо мезистаанд. 30 нафари онҳо ба ҷавобгарии маъмурӣ кашонда шудаанд ва ҳоло кормандони хадамоти муҳоҷиратии Русия мехоҳанд кордеҳонро барои ғайриқонунӣ ва пинҳонӣ ҷалб кардани нируи кории муҳоҷирон ба муҷозот кашонанд.
XS
SM
MD
LG