Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаримабандӣ барои риоя накардани қоидаҳои беҳдорӣ


Гармии беш аз чиҳилдараҷагии ҳаво дар рӯзҳои истироҳат сокининони пойтахтро ба лаби рӯду кӯлҳо мебарад.

Аммо ҷои шиноварӣ ва фароғати бахши аъзами хурдсолони пойтахт аслан ҷӯйборҳо ва бештар соҳили дар гузашта "Кӯли Комсомол" ва ҳоло "Кӯли Ҷавонон" аст, ки як қисмати лаби соҳили он маҳз барои обозии онҳо пешбинӣ шудааст.
Зимни санҷиши ҳолати санитариву гигиении тақрибан
панҷ ҳазор муассисаи тиббиву истироҳатгоҳҳо ва бозору фурӯшгоҳҳо, фаъолияти беш аз 1,5 ҳазор чунин муассисаҳо ғайри қобили қабул дониста шудааст...


Вале ба ҷуз хатти ҳифозатии огоҳкунанда, ки бояд хурдсолон ҳангоми оббозӣ онро убур накунанд, чизи дигаре дар ин ҷо ба чашм намерасад. Дар ин мавзеи шиноварии кӯдакон шароити санитариву гигиенӣ фароҳам нест. Оби кӯл ифлос буда кайҳост, ки иваз карда нашудааст.

Шоира Муҳаммадҷонова, як сокини шаҳри Душанбе гуфт, писарчаи 8- солааш пас аз оббозӣ кардан дар "Кӯли Комсомол" ба бемории хоришаки пӯст гирифтор шудааст.

"Охир гармии ҳаворо бинед, кӯдакон аз гармӣ намедонанд чӣ кор кунанд. Мо маҷбур мешавем, ки онҳоро барои оббозӣ ба "Кӯли Комсомол" барем. Ман ду бор пайиҳам ӯро ба он ҷо бурдам ва ӯ оббозӣ кард, дар танаш чизе суп-сурх баромад ва бисёр мехорид. Ман қариб ду ҳафта аз беморхонае ба беморхонае гашта ӯро табобат кардам. Намешавад, ки ҳамон кӯлҳоро тоза кунанд, обашро иваз кунанд, ягон хел дору зананд?",-илова кард ӯ.


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:03 0:00
Линки мустақим



Дар пайи шикоятҳои сокинони пойтахт, ахиран Хадамоти беҳдориву вогиршиносии Вазорати тандурустии Тоҷикистон оббозӣ кардани кӯдаконро дар кӯли Комсомол муваққатан манъ кардааст, то тавонанд дар ин ҷо як қатор корҳои санитариву гигиениро анҷом диҳанд. Ахиран ин хадамот аз ин иқдоми худ тариқи телевизион ва радио сокинони пойтахтро огоҳ намуда буд.

Зимнан, вазири тандурустии Тоҷикистон, Нусратулло Салимов ахиран дар ҳузури хабарнигорон гуфт, дар натиҷаи омӯзиши ҳолатҳои санитариву гигиении муассисаҳои фароғатӣ, табобатӣ ва озуқаворӣ, беш аз 1 ҳазору 500 чунин муассисаҳо бино ба ҷавобгӯ набуданашон ба талаботи санитариву гигиенӣ боздошт ва ҷаримабандӣ шудаанд.

Нусратулло Салимов, вазири тандурустии Тоҷикистон
Ҷаноби Салимов афзуд, бино ба гармии камсобиқаи тобистони имсола ва ба хотири ҳифзи хурдсолон аз бемориҳои сироятӣ, як давраи дигари иловагии эмгузарониро дар миёни кӯдакон ба роҳ мондаанд. Ба қавли ӯ, ин тадбир метавонад теъдоди зиёди хурдсолонро аз бемориҳои шадиди сироятӣ ба монанди диарея, домана, зардпарвин ва исҳоли хунин то андозае эмин нигоҳ дорад.

Ӯ гуфт: "Мо як давраи дигари эмгузарониро пешбинӣ кардем ва корҳо давом доранд. Мо корҳои фаҳмондадиҳиро барои ҳифзи мардум, маҳз хурдсолон низ ба роҳ мондем. Чандин корхонаву муассисаҳоро барои риоя накардани ҳолатҳои санитариву гигиенӣ ҷарима бастем."

Бино ба иттилои Вазорати тандурстии Тоҷикистон зимни санҷиши ҳолати санитариву гигиении қариб 5 ҳазор муассисаи тиббиву истироҳатгоҳҳо ва бозору фурӯшгоҳҳо, фаъолияти беш аз якуним ҳазор чунин муассисаҳо ғайри қобили қабул дониста шуда, аз онҳо бо сабаби риоя накардани талаботи санитариву гигиенӣ, ҳазорҳо сомонӣ ҷарима ситонида шудааст.

Инчунин аз болои масъулини ин муассисаҳо 35 парванда ба додгоҳ ва 313 парванда ба кумисюнҳои маъмурӣ фиристода шуда, беш аз сад нафар аз кор ронда шуданд.
XS
SM
MD
LG