Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҳодисаи қатори тезрави Чин 35 нафар кушта шудаанд


Бино ба хабарҳои расида аз Пекин-пойтахти Чин, дар натиҷаи аз хат баромадани қатори тезрави ин кишвар 35 нафар кушта шудаанд. 190 нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд. Ин ҳодиса рӯзи шанбе дар шарқи Чин рух дод. Дар натиҷаи қатъи ғайричашмдошти барқ дар қатори аввал ҳамин гуна қатори дуввуми тезрав аз ақиб ба қатори аввал бархӯрдааст ва чаҳор вагон аз хат берун ва тақрибан 30 метр аз пул ба поин афтодааст. Ҳар дуи ин қатор аз насли нави қаторҳои тезрафтори Чин ба шумор мераванд.
XS
SM
MD
LG