Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Брейвик гуфтааст, ҳамлаҳоро танҳо анҷом додааст


Андерс Беринг Брейвик

Андерс Беринг Брейвик

Имрӯз полиси Норвегия гуфт, марди гумонбар ба ҳамлаҳои террористии рӯзи ҷумъа гуфтааст, ки вай ин ҳамлаҳоро худаш танҳо анҷом додааст. Бо вуҷуди ин полис талош дорад, ин иддаои вайро собит созад, зеро баъзе аз шоҳидони айнӣ гуфтаанд, ки ҳамлакунанда як нафар набудааст. Дар ин ҳамлаҳо 92 нафар кушта шуданд, вале мумкин аст шумораи кушташудагон афзоиш ёбад, зеро полис мегӯянд, ки то ҳол одамон бедарак мебошанд. Вакили мудофеи марди гумонбар ба ҳамлаҳои террористии рӯзи ҷумъа дар Норвегия мегӯяд, ки боздоштшуда масъулияти ин ҳамлаҳоро бар дӯш гирифтааст. Ҷейр Липестад-вакили мудофеъ аз телевизиони Норвегия гуфт, гумонбар Андерс Беринг Брейвик, ки марди норвегӣ аст, масъулиятро қабул дорад. Брейвик 32 сола аст ва полис вайро рӯзи ҷумъа баъд аз тирандозӣ ва куштори 85 нафар дар урдугоҳи тобистонаи ҷазираи Утоя ва куштори 7 нафари дигар дар маркази Осло дар як бамгузорӣ боздошт кард. Гуфта мешавад, ки Брейвик бо изҳороте иртибот дорад, ки муттааллиқ ба бунёдгароёни масеҳии дастиростӣ ва зидди исломӣ мебошад. Ин хунрезиро дар саросари ҷаҳон маҳкум карданд. Рӯзи шанбе Шӯрои Амнияти СММ эъломияе пахш ва ин ҳамлаҳоро амали “террористӣ” номид.
XS
SM
MD
LG