Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гумонбар масъулияти ҳамлаҳоро бар дӯш гирифтааст


Андерс Беринг Брейвик
Андерс Беринг Брейвик
Вакили мудофеи марди гумонбар ба ҳамлаҳои террористии рӯзи ҷумъа дар Норвегия, ки 92 кушта бар ҷой гузошт, мегӯяд, ки боздоштшуда масъулияти ин ҳамлаҳоро бар дӯш гирифтааст. Ҷейр Липестад-вакили мудофеъ аз телевизиони Норвегия гуфт, гумонбар Андерс Беринг Брейвик, ки марди норвегӣ аст, масъулиятро қабул дорад. Брейвик 32 сола аст ва полис вайро рӯзи ҷумъа баъд аз тирандозӣ ва куштори 85 нафар дар урдугоҳи тобистонаи ҷазираи Утоя ва куштори 7 нафари дигар дар маркази Осло дар як бамгузорӣ боздошт кард. Гуфта мешавад, ки Брейвик бо изҳороте иртибот дорад, ки муттааллиқ ба бунёдгароёни масеҳии дастиростӣ ва зидди исломӣ мебошад. Ин хунрезиро дар саросари ҷаҳон маҳкум карданд. Рӯзи шанбе Шӯрои Амнияти СММ эъломияе пахш ва ин ҳамлаҳоро амали “террористӣ” номид.
XS
SM
MD
LG