Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Голе, ки Тоҷикистонро ноком кард...


Лаҳзае аз бозӣ дар Урдун, 23-юми июли соли 2011.

Лаҳзае аз бозӣ дар Урдун, 23-юми июли соли 2011.

Голи дуввум ва ҳалкунандаи Сурияро Раҷа Рафӣ дар дақиқаи 77-ум ба самар расонд ва дастаи худро пирӯз гардонд.

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар бозии аввали даври дуввуми сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2014 аз тими миллии Сурия бо ҳисоби 1:2 мағлуб гардид.

Бо тасмими ФИФА, Федератсиюни байнулмилалии футбол, бозии сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон миёни дастаҳои Сурия ва Тоҷикистон бо назардошти вазъи амниятӣ 23-юми июл дар минтақаи бетараф –
Голи дуввум ва ҳалкунандаи Сурияро Раҷа Рафӣ дар дақиқаи 77-ум ба самар расонд. Ӯ тӯби ба сӯяш ҳавододаи ҳамдастаашро бо сар вориди дарвоза намуд...
кишвари Урдун баргузор шуд.

Бозӣ дар варзишгоҳи Шоҳ Абдуллоҳи пойтахти Урдун, шаҳри Уммон, соати 19 ба вақти Уммон ва соати 21 ба вақти Душанбе оғоз ёфт.

Нимаи аввали дидор бо бартарии комили футболбозони Сурия ҷараён дошт, вале ҳисоби бозӣ дар дақиқаи охирини қисми аввал боз шуд.

Пас аз он ки Соҳиб Сувoнқулов, ҳимоятгари дастаи Тоҷикистон, дар ҷаримагоҳ хато кард, ба тӯб ҳамлагари дастаи Сурия Ҷорҷ Мурoд соҳиб шуд ва бо зарбаи сахт тӯбро ба кунҷи дарвозаи тими Тоҷикистон ворид намуд.

Нимаи дуввуми бозӣ бо ҳуҷумҳои пайиҳами футболбозони тоҷик оғоз ёфт. Дар дақиқаи 47-ум Комил Саидов бо зарбаи сахт аз масофаи дур тӯбро ба бурҷи "нӯҳгонии" дарвозаи рақиб зад ва ҳисобро баробар кард.

Баъд аз 30 дақиқа мизбонон боз ба пеш баромаданд. Голи дуввум ва ҳалкунандаи Сурияро Раҷа Рафӣ дар дақиқаи 77-ум ба самар расонд. Ӯ тӯби ба сӯяш ҳавододаи ҳамдастаашро бо сар вориди дарвоза намуд.

Ҳайати дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар ин бозӣ чунин буд:

дарвозабон – Алишер Тӯйчиев («Истиқлол»);

ҳимоятгарон – Соҳиб Сувонқулов («Истиқлол»), Фаррух Чориев («Регар-ТадАЗ»), Асадулло Нуруллоев («Хуҷанд»);

нимҳимоятгарон – Иброҳим Рабимов, Дилшод Восиев , Нуриддин Давронов, Маҳмадалӣ Содиқов (ҳама - «Истиқлол»), Ҷамшед Исмоилов («Регар-ТадАЗ»);

ҳамлагарон – Юсуф Рабиев («Истиқлол»), Комил Саидов (ССКА «Помир»).

Комил Саидовро пас аз зарбхӯрӣ дар дақиқаи 73-юм Фатҳулло Фатҳуллоев ("Истиқлол") иваз кард. Ба ҷои Юсуф Рабиев дар дақиқаи 83-юм Фарҳод Тоҳиров ("Истиқлол") ва ба ҷои Дилшод Восиев дар дақиқаи 90+1 Фурӯғ Қодиров (ССКА «Помир») ба майдон омаданд.

Дар ҷараёни бозӣ аз ҷониби сардовар Носир Ал-Ғаффорӣ (Урдун), як бозигари Сурия, Ҷиҳод Алҳусайн (дақиқаи 27-ум) ва ду нафар аз тими Тоҷикистон -- Иброҳим Рабимов (дақиқаи 10-ум) ва Фурӯғ Қодиров (90+2) корти зард гирифтанд.

Ба ғайр аз бозии Сурия – Тоҷикистон 23-юми июл 14 бозии дигар бо чунин натиҷаҳо ба анҷом расиданд: Тайланд – Фаластин - 1:0 (1:0), Лубнон – Бангладеш - 4:0 (2:0), Чин – Лаос - 7:2 (1:2), Туркманистон – Индонезия - 1:1 (1:1), Кувайт – Филиппин - 3:0 (1:0), Умон – Мянмар - 2:0 (1:0), Арабистони Саудӣ – Ҳонконг - 3:0 (2:0), Эрон- Ҷазоири Молдив - 4:0 (1:0), Қатар – Вйетнам - 3:0 (1:0), Ироқ – Яман - 2:0 (1:0), Сингапур – Малайзия - 5:3 (4:1), Узбакистон – Қирғизистон - 4:0 (1:0), АМА – Ҳиндустон - 3:0 (2:0), Урдун – Непал - 9:0 (4:0).

Чуноне ки аз натоиҷи бозиҳо бармеояд, аз 15 бозӣ мизбонон дар 14 бозӣ пирӯзӣ ба даст овардаанд ва танҳо як бозӣ бо ҳисоби баробар поён ёфтааст. Мизбонон 53 гол ва меҳмонон ҳамагӣ 7 гол задаанд.

Бозиҳои ҷавобӣ рӯзи 28-уми июл баргузор мешаванд. Дастаҳои Тоҷикистон ва Сурия дар варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода рақобат хоҳанд кард. Бозӣ соати 16 оғоз меёбад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG