Пайвандҳои дастрасӣ

Шумораи кушташудагони террори Норвегия ба 92 нафар расид


Полис мегӯяд, рӯзи ҷумъа дар тирандозӣ ва дар инфиҷори баме дар Норвегия дастикам 92 нафар кушта шудаанд. Бино ба охирин маълумот, дар тирандозии марди мусаллаҳ дар ҷазираи Утоя дар урдугоҳи ҷавонон 85 нафар кушта шудаанд. Дар инфиҷори бам дар маркази шаҳри Осло-пойтахти Норвегия 7 нафар ба ҳалокат расидаанд. Полис як марди 32 соларо ба иттиҳоми даст доштан дар ин ду ҳодисаи фоҷеабори террористӣ боздошт кардааст. Ин мард дар тан либоси афсари полис доштааст ва мусаллаҳ будааст. Вай одмонро дар ҷазира ба назди худ хондааст ва вонамуд кардааст, ки бо онҳо сӯҳбат мекунад. Баъд аз ҷамъ шудани онҳо ба сӯи онҳо ба тирандозӣ шурӯъ кардааст.
XS
SM
MD
LG