Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатори тезрави Чин аз хат берун шуд


Қатори тезрави Чин
Қатори тезрави Чин
Имрӯз як қатори тезрави Чин дар шарқи ин кишвар аз роҳи оҳан берун шудааст. Хабаргузории расмии Синхуа гуфтааст, ки шумораи қурбониён то ҳол рӯшан нест. Ба навиштаи Синхуа, ин қатор аз Ҳангжоу ба Венжоу дар ҳоли ҳаракат будааст ва дар маҳале бо номи Жейиянг аз хати оҳан берун рафтааст. Бино ба ин хабар, дастикам ду вагон аз пул ба оби рӯдхона афтодааст. Чин солҳои ахир миллиардҳо доллар барои ихтирои қаторҳои тезрав сарф мекунад. Моҳи гузашта Вен Жибао-нахуствазири Чин ба таври расмӣ роҳи оҳани миёни Пекин ва Шонгҳойро боз кард. Ин роҳи оҳан ба арзиши 33 миллиард доллар бунёд шуд, бо вуҷуди ин гаҳ гоҳе дар ин хат нируи барқ қатъ мешавад.
XS
SM
MD
LG