Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Масъулияти амниятии Мазори Шариф ба нируҳои маҳаллӣ даромад


Имрӯз нируҳои Олмон дар Афғонистон, ки зери фармондеҳии НАТО дар шимоли ин кишвар мустақаранд, амнияти шаҳри Мазори Шарифро бар дӯши нируҳои маҳаллии Афғонистон вогузор карданд. Мазори Шариф маркази вилояти Балх аст. Ато Муҳаммад Нур-волии ин вилоят дар маросиме дар ин робита гуфт, “Мо воқеан мефаҳмем, ки барои ҳамеша бар дӯши дӯстони байналмиллалӣ гузоштани масъулиятҳои амниятии кишвари мо кори одилона нахоҳад буд”. Вай афзуд, умедвор аст, ки дар ин замина “дар ояндаи наздик мушкили ҷиддӣ пеш нахоҳад омад”. Вогузор кардани масъулиятҳои амниятӣ аз нируҳои байналмиллалӣ бар дӯши нируҳои маҳаллӣ дар Афғонистон аз якшанбеи гузашта идома дорад.
XS
SM
MD
LG