Пайвандҳои дастрасӣ

Бино ба хабари Бонки Миллии Тоҷикистон, захираи тиллои ин кишвар соли ҷорӣ 60 дарсад афзоиш ёфтааст ва якуми июл ин захира 755 миллион долларро ташкил додааст. Вале ин манбаъ гуфтааст, арзиши баробарии пули миллӣ, яъне сомонӣ бо доллар 6 дарсад поин рафтааст. Сабаби аслии он таъхир дар воридоти маводи сӯхт ва орду ғалла арзёбӣ мешавад. Соли ҷорӣ Тоҷикистон барои ҳифзи арзиши сомонӣ 22 миллион доллар вориди муомилот кард.
XS
SM
MD
LG