Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барқи изофии Тоҷикистон ба Афғонистон фурӯхта мешавад


Пулод Муҳиддинов-муовини аввали вазири энержӣ ва саноати Тоҷикистон
Пулод Муҳиддинов-муовини аввали вазири энержӣ ва саноати Тоҷикистон
Пулод Муҳиддинов-муовини аввали вазири энержӣ ва саноати Тоҷикистон гуфт, Тоҷикистон ба нақша гирифтааст, ки аз ҳисоби фурӯши барқи иловагӣ ба Афғонистон 23 миллион доллар даромад ба даст орад. Ба гуфтаи вай, моҳи август шабакаи интиқоли барқи Сангтӯда-Пули Хумрӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад ва интиқоли барқ аз ин хат шурӯъ мешавад. Дар қадамҳои аввал нархи як киловат соат барқ ба муштариёни афғон 3,5 сентро ташкил медиҳад, вале ҳар сол ба андозаи 2% ин нарх боло меравад. Фурӯши барқ ба Афғонистон то моҳи сентябр давом мекунад. Ба ин тартиб барқи изофие, ки ҳар сол Тоҷикистон дар тобистон ба ҳамсмоягон содир мекард, имсол ба афғонҳо дода мешавад, то он бар ҳадар наравад.
XS
SM
MD
LG