Пайвандҳои дастрасӣ

Булбулов барои пинҳон доштани фирориён боздошт шуд


Бино ба хабари вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон, Додарҷон Булбулов-шаҳрванди 43 солаи ноҳияи Тавилдара барои пинҳон доштани фирориёни боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон боздошт шудааст. Булбулов 8 моҳ фирориён, аз ҷумла 2 шаҳрванди Русия доғистониҳо Казбек Ҷабраилов ва Низомӣ Абиевро дар манзили худ пинҳон кардааст. Низомӣ Абиевро 13-ӯми июл дар Бишкек кормандони интизомии Қирғизистон боздошт карданд. Шаби 23-юми августи соли гузашта аз боздошгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон 25 нафар фирор карданд, ки дар миёни онҳо 4 шаҳрванди Русия низ буданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG