Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти мухтасари вазирони хориҷаи ду Корея


Киштии нозири Кореяи Ҷанубӣ (аз бойгонӣ)
Киштии нозири Кореяи Ҷанубӣ (аз бойгонӣ)
Вазирони корҳои хориҷаи Кореяи Шимолӣ ва Ҷанубӣ имрӯз (рӯзи шанбе) дар конфронси амниятии Осиё бо ҳам ба таври мухтасар мулоқот карданд. Ин дар ҳолест, ки Амрико мехоҳад қабл аз оғози музокироти шашҷониба роҷеъ ба барномаҳои ҳастаии Кореяи Шимолӣ равобити ин ду кишвар беҳбуд ёбад. Ҳилларӣ Клинтон-вазири корҳои хориҷаи Амрико гуфт, ки Амрико мулоқоти муқаддамотии мақомоти расмии ин ду Корея дар ҳошияи конфронси амниятиро ситоиш мекунад. Вале хонум Клинтон афзуд, бояд Пиёнянг ё Пхенян таъйид кунад, ки барномаҳои ҳастаии Кореяи Шимолӣ тағир ёфтааст.
XS
SM
MD
LG