Пайвандҳои дастрасӣ

Задухурди дастаҳои ихтиёрии Покистон бо Толибон


Дастаҳои ихтиёрии зидди Толибон дар Покистон

Дастаҳои ихтиёрии зидди Толибон дар Покистон

Мақомоти расмии Покистон мегӯянд, ки дастаҳои мусаллаҳи зидди Толибон дар задухурде дар наздикии марз бо Афғонистон 13 толибро куштаанд. Нур Алам Хон раҳбари маҳаллӣ дар Порачинор мегӯяд, дар даргириҳои рӯзи ҷумъа ва рӯзи шанбе дар минтақаи қабиланишини Куррам чанд тан аз дастаҳои ихтиёрии зидди Толибон ва шӯришиён захмӣ шудаанд. Ахиран қабилаҳои минтақа бар зидди Толибон дастаҳои мусаллаҳи ихтиёрӣ ташкил кардаанд ва ин дастаҳо Толибонро аз маҳаллоти зисти худ берун меронанд.
XS
SM
MD
LG