Пайвандҳои дастрасӣ

Дар натиҷаи таркиш дар маркази Осло, пойтахти Норвегия, ҳафт нафар кушта ва чандин бинои маъмурӣ, аз ҷумла дафтари сарвазир Йенс Столтенберг тахриб шудаанд. Полис мегӯяд, инфиҷори шадид маҷбур кард, ки даҳҳо нафар аз биноҳои ҳукуматии атроф ба ҷои амн кӯчонда шаванд.

Вазири давлати Норвегия Ҳанс Кристиан Амундсен ба хабарнигорон гуфт: “Метавонам тасдиқ кунам, ки сарвазир эмин аст. Вай дар дафтар набуд ва ҳоло машғул аст.”

Хабаргузории Ройтерз мегӯяд, чандин нафар аз ин таркиш захмӣ шудаанд. Он ба нақл аз шоҳидони айнӣ менависад, тирезаи даҳҳо бинои ҳукуматӣ, ба шумули дафтари сарвазир фурӯ пошидаанд. Дар ҳоле ки нахуст гуфта мешуд, сабаби инфиҷор номаълум аст, дертар полис гуфт, ин таркиши як бомба будааст.
XS
SM
MD
LG