Пайвандҳои дастрасӣ

Пуштибонии Мушарраф аз низомиёни кишвараш


Парвиз Мушарраф генерали бознишаста ва раиси ҷумҳури собиқи Покистон

Парвиз Мушарраф генерали бознишаста ва раиси ҷумҳури собиқи Покистон

Парвиз Мушарраф сару садоҳо дар бораи аз сӯи ISI ва низомиёни покистонӣ пуштибонӣ ёфтани бин Лодинро рад кард.

Раисиҷумҳури пешини Покистон ба "Садои Амрико" гуфтааст, ки “ин қазияи тарҳрезишуда нест. Ин қазия марбут ба бетафовутӣ дар сатҳи олист, ки бояд тафтиш шавад ва афроди гунаҳкор ҷазо бубинанд. Ва аммо ин тарҳрезишуда нест. Ман ба ин мутмаинам. Вале, мутассифона, иштибоҳи ҷиддӣ он аст, ки гӯё хадамоти кашф ва артиши мо вориди қазия буданд ё шояд медонистанд, ки Усома бин Лодин дар Абботобод аст ва ӯро дифоъ ва пинҳон мекарданд.”

Усома бин Лодин шаби 2-юми май бар асари амалиёти вижаи нерӯҳои амрикоӣ дар шаҳри Абботбоди Покистон кушта шуд.

МУШАРРАФ АЗ НИЗОМИЁНИ КИШВАРАШ ПУШТИБОНӢ МЕКУНАД

Зимнан, Мушарраф, аз аввалин сиёсатмадорони покистонӣ буд, ки ин амалиётро танқид кард, зеро аз нигоҳи ӯ, Иёлоти Муттаҳида бо баргузории амалиёт бидуни огаҳии мақомоти кишвар истиқлоли Покистонро нақз кардааст.

Дар як изҳорот ӯ гуфта буд, ки мардуми сулҳпарвар аз маҳви бин Лодин шоданд, вале Покистон наметавонад поймолшавии мустақилияташро нодида бигирад.

Дар сӯҳбат бо “Садои Амрико” Парвиз Мушарраф ҳадс зад,

ки солҳои ахир Усома бин Лодин, ки тақрибан аз телефон ва дигар васоили мухобирот истифода намекард, тавони назорат аз болои Ал-Қоидаро надошт. Ӯ афзуд, ки акнун “Ал-Қоида” он шабакаи нерӯманди пешин нест ва ба гурӯҳҳои хурду пароканда тақсим шудааст. “Ин гурӯҳҳои пароканда мустақилона фаъолият мекунанд ва аммо худро Ал-Қоида меноманд. Ҳамин тариқ, Ал-Қоида бештар як рамз аст. Аз ин рӯ, вақте, ки Усома бин Лодин кушта шуд, он вақт ин зарбаи мудҳиш буд ва аммо ин муддат ин рамз шояд ҳамин хел бетағйир боқӣ монад”, гуфт Мушарраф.

МУШАРРАФ ДАР САР ҲАВОИ ҚУДРАТ ДОРАД

Парвиз Мушарраф баъд аз истеъфо аз мақоми раисиҷумҳури Покистон дар Лондон ба сар мебарад ва аммо ҳавои бозгашт ба ватанро дорад. Охирҳои соли гузашта ӯ ба хотири, тавре худаш мегӯяд, “ҷорӣ намудани фарҳанги нави демокративу сиёсӣ”, ҳизби Лигаи мусалмонҳои кулли Покистонро таъсис кард. Мушарраф мехоҳад, ки дар арафаи интихоботи сартосарии Покистон дар соли 2013 ба Исломобод баргардад. Сарвари пешини Покистон ба пирӯз шудани ҳизбаш дар интихобот шак надорад.

Аз нигоҳи ӯ, дар вазъи феълии Покистон рӯи саҳнаи сиёсӣ омадани ҳизбаш як амри ногузир аст, зеро “миёни нерӯҳои сиёсии Покистон алҳол ҳизберо намебинад, ки тавони раҳоии кишвар аз торикии феълиро дошта бошад”.

Парвиз Мушарраф ба майдони сиёсии Покистон соли 1999 баъди он ворид шуд, ки низомиёни содиқ ба ӯ дар вокуниш ба тасмими нахуствазири вақт Навоз Шариф барои аз мақоми фармондеҳи артиш барканор кардани Мушарраф даст ба кудато заданд.

ҚУДРАТИ НӮҲСОЛАИ МУАЛЛИФИ "ON THE LINE OF FIRE"

Навоз Шариф мехост, ки Мушаррафро ба хотири шурӯъи даргириҳо бо Ҳинд барои минтақаи Кашмир муҷозот кунад. Баъд аз кудатои бидуни хунрезӣ ва барканории Навоз Шариф,
Навоз Шариф ва Парвиз Мушарраф

генерал Мушарраф тайи нӯҳ сол раҳбари Покистони дорои силоҳи ҳастаӣ буд.

Мунаққидону мухолифони Мушарраф ӯро дар саркӯбсозии демократия, таъқиби рақибони сиёсӣ, афзоиши таборгароӣ ва фасод муттаҳам мекунанд.

Онҳо ҳамчунин мегӯянд, ки пас аз шурӯъи ҷанг бо терроризм, ӯ кишварро ба як хатти тӯлонии ҷабҳа табдил кард. Ҳамзамон, аз нигоҳи рақибон, Мушарраф дар забон ҳамдили Вошингтон буд ва аммо дар асл ба мусаллаҳони “Ал-Қоида”-ву “Толибон” иҷоза дод, ки дар манотиқи қабоилнишини марз бо Афғонистон панаҳ бубаранд.
Гуфта мешавад, ки ин манотиқ то ҳанӯз барои амнияти минтақаиву байнулмилалӣ хатари ҷиддӣ доранд.
XS
SM
MD
LG