Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Гурҷистон акcбардоронро шартан маҳкум кард


Додгоҳи Гурҷистон чаҳор аксбардорро, ки дар ҷосусӣ барои Русия айбдор мешуданд, ба мӯҳлатҳои то се сол шартан маҳкум кард. Додситонии кулли Гурҷистон гуфт, ҳукм дар ивази ҳамкории айбдоршавандагон ва бо назардошти иттилои муҳими амниятие, ки онҳо ба мақомот додаанд, содир гаштааст. Чаҳор аккос, аз ҷумла аксбардори шахсии раисиҷумҳур Михаил Саакашвилӣ дар аввалҳои ин моҳ боздошт шуданд. Ин боздошт эътирозҳои густардаеро дар кишвар ба вуҷуд овард.
XS
SM
MD
LG