Пайвандҳои дастрасӣ

Русия Қирғизистонро бо бензин таъмин хоҳад кард


Сарвазири Қирғизистон Алмазбек Отамбоев

Сарвазири Қирғизистон Алмазбек Отамбоев

Сарвазири Қирғизистон Алмазбек Отамбоев аз мулоқот бо ҳамтои руси худ Владимир Путин дар Маскав бо созишномаи нави фурӯши бензин ба Бишкек баргашт. Бино бар ин тавофуқ Русия ӯҳдадор шудааст, Қирғизистон дар оянда низ бо фуровардаҳои нафтӣ таъмин намояд. Ин дар ҳолест, ки ба иллати камбуди бензин Қирғизистон фурӯши маҳдуди онро ҷорӣ кардааст. Отамбоев барои поён нигоҳ доштани нархи бензин хостори узвияти кишвараш дар Иттиҳоди гумрукии Русия, Беалурс ва Қазоқистон шудааст, вале аксари сиёсатмадорони Қирғизистон ба ин пешниҳод мухолифанд.
XS
SM
MD
LG