Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Инфиҷор дар назди дафтари сарвазири Норвегия


Бино бар хабарҳои расида инфиҷоре биноҳоро дар маркази Осло, пойтахти Норвегия тахриб кард ва кормандони чандин дафтару ниҳодҳои маъмурӣ аз ҷои воқеа кӯчонда шуданд. Хабаргузории Ройтерз мегӯяд, чандин нафар аз ин таркиш захмӣ шудаанд. Он ба нақл аз шоҳидони айнӣ менависад, тирезаи даҳҳо бинои ҳукуматӣ, ба шумули дафтари сарвазир фурӯ пошидаанд.
XS
SM
MD
LG