Пайвандҳои дастрасӣ

Вазири адлияи Сербия, Снежана Малович мегӯяд, раҳбари пешини сербҳои Хорватия, Горан Ҳаҷич, охирин гумонбари фирории ҷиноятҳои ҳарбии Югославияи собиқ, барои муҳокима дар додгоҳи Созмони Милал ба Ҳейг фиристода шуд. Пеш аз парвоз ба Ҳейг ба ӯ имкон дода шуд, бо модари бемор ва пайвандонаш мулоқот кунад. Трибунали Ҳейг Ҳаҷичро дар 41 ҷинояти зиддибашарӣ дар ҷанги солҳои 1991-95-и Хорватия айбдор мекунад.
XS
SM
MD
LG