Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Нерӯҳои таҳти сарварии НАТО дар Афғонистон мегӯянд, дар ҳамла ба як урдугоҳи ҳарбӣ дар вилояти ҷанубушарқии Пактико зиёда аз 50 ҷангиро ба ҳалокат расондаанд. Гуфта мешавад, дар ин даргирии шадид ва тӯлонӣ дар минтақаи душворгузар ва пур аз дараву ғорҳо нерӯҳои вижаи Афғонистон низ ширкат кардаанд. Урдугоҳи мазкур дар ноҳияи Сари равзаи Пактико аз қалъаҳои аъзои гурӯҳи шӯришии Ҳаққонӣ ба шумор мерафтааст, ки ба ҷунбиши Толибон ва шабакаи Ал-Қоида марбут аст.
XS
SM
MD
LG