Пайвандҳои дастрасӣ

Табодули вакили Маҷлиси намояндагон аз ҳизби ҳоким


Дар ивази вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Ҳусейн Алиев, ки иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Тоҷикобод таъин шуд, ноиби вазири маорифи кишвар Ашӯрбек Расулов узви порлумон мешавад. Алиев аз тариқи рӯйихатти ҳизбӣ вакил интихоб гашта буд ва курсии ӯ дар порлумон барои Ҳизби халқию демократӣ боқӣ хоҳад монд. Ҷаноби Алиев дар ивази марҳум Махсум Фозилов, ки дар синни 56-солагӣ аз саратон фавтид, раиси ноҳияи Тоҷикобод таъин гашт.
XS
SM
MD
LG