Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози таҳияи Қонуни афви "тилоӣ"-и Тоҷикистон


Дар ростои 20-умин солгарди истиқлолияти миллии Тоҷикистон бо дастури раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи корие таъсис ёфтааст, ки бояд то охири моҳ тарҳи Қонуни афвро омода кунад. Гуфтугӯҳо дар бораи ин тарҳ дар ҷомеа ва матбуоти Тоҷикистон ҳафтаҳо пеш сар шуда, ин тарҳ пешопеш “афви тилоӣ” шумурда шудааст. Дар ҳоле ки сокинони Тоҷикистон умедворанд, афв ба муносибати 20-солагии истиқлолият фарогиртарин буда, бештарин теъдоди маҳбусон ба озодӣ хоҳанд баромад, изҳори ноумедиҳо низ шудааст, зиндониёни саршинос ҳамоно дар боздошт боқӣ хоҳанд монд. Бори охир дар Тоҷикистон дар соли 2009 ба муносибати 15-солагии Қонуни асосӣ ва Соли байнулмилалии Имоми Аъзам наздик ба 10 000 нафар афв шуда, ба озодӣ баромаданд.
XS
SM
MD
LG