Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таъмини озодиҳои матбуотӣ яке аз мавзӯъҳои меҳварии як ҳамоиши чандҷониба дар Душанбешаҳр буд.

Ин нишаст бо ибтикори намояндагии САҲА, дафтари Омбдусмен ва ё Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ва Шӯъбаи кафолати ҳуқуқҳои қонунии шаҳрвандон дар Дастгоҳи раёсати ҷумуҳри Тоҷикистон доир гашт.

Дар ин нишаст бархе аз созмонҳои рӯзноманигории Тоҷикистон, аз ҷумла НАНСМИТ, пешниҳод карданд, ки банди "тӯҳмат" ва "тавҳин" аз санадҳои ҷиноӣ лағв шавад.

Раҷаби Мирзо, рӯзноманигори тоҷик низ дар ин робита гуфт: «Тоҷикистон кишвари демократӣ аст ва бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёдро пеш гирифтаст. Ба ин делел, зарур аст, то шароитро барои фаъолияти озоди расонаҳо, бахусус хабарнигорон эҷод кунад. Дар ҳоле ки Қирғизистон аз қонунҳои худ банди таҳқир ва тавҳинро берун кашидааст, Тоҷикистон низ бояд ба хотири таъмини озодии баён ва гуногунандешӣ аз ин банд даст бикашад.»

Ширкаткунандагони нишаст бар ин назаранд, ки бархе аз мансабдорони давлатӣ бо сӯиистифода аз бандҳои тӯҳмат ва тавҳин, болои хабарнигорон фишор ворид месозанд.

Ин дар ҳолест, ки тайи ду соли ахир чандин тан аз хабарнигорони тоҷик ба чунин иттиҳом ба додгоҳ кашонида шуданд.

Зимнан қазияи Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори нашрияи мустақили «Нури зиндагӣ» бо чунин иттиҳом дар додгоҳи ноҳияи Ашт ҷараён дорад.

ТАЪКИД БА РИОЯИ ҲУҚУҚИ ИНСОН

Дар ин ҷамъомад, ки як омодагӣ ба баррасии масъала дар Шӯрои ҳуқуқи башари СММ дар охири моҳи октябр дар Женева дониста мешавад, сардори шӯъбаи кафолати конститутсионии ҳуқуқи шаҳрвандон дар дастгоҳи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, Музаффар Ашӯров гуфт, ҳукумат эътироф мекунад, ки дар ҳоли ҳозир расидагӣ ба шикоятҳои ҳуқуқии мардум дар кишвар мувофиқи матлаб нест. “Биноан гурӯҳи кории махсус дар зудтарин фурсат ба кор шурӯъ хоҳад кард,” – гуфт ҷаноби Ашӯров.

Кори гурӯҳ аз баррасии шикоятҳои шаҳрвандон ба Кумитаи ҳуқуқи башари СММ ва тавсияҳои ин кумитаи байнулмилалӣ иборат хоҳад буд.

Вай афзуд, гурӯҳи нав аз намояндагони Додгоҳи олӣ, Додситонии кул, Вазорати адлия, Вазорати умури дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва вазорату идораҳое таркиб хоҳад ёфт, ки аз амалкарди онҳо шикоят шудааст.

Ин дар ҳолест, ки то имрӯз Кумитаи ҳуқуқи башари СММ дар мавриди 22 шикояти шаҳрвандони Тоҷикистон ҳалнома бароварда, аммо ҳеҷ кадоми онҳо ба иҷро нарасидаанд. Ба ақидаи намояндагони ҷомеаи мадании Тоҷикистон ин ҳамоиш талошест, то кишвар ба ҷаласаи баррасии ҳуқуқи инсон, ки ба таври муфассал дар Женева ҷараён хоҳад гирифт, имсол омодагии бештаре дошта бошад.

Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (БДИПЧ) ҳар сол дар Варшава Ҳамоиши рушди башариро баргузор мекунад ва дар он низ кишварҳо аз вазъи ҳуқуқи башар гузориш медиҳанд. Умдатан дар ин нишастҳо Тоҷикистон баҳои мусбат нагирифтааст. Дар ин ҷаласаҳо баҳои намояндагони давлат ва ҷомеаи маданӣ ба вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон аз ҳамдигар комилан фарқ мекард. Ҳамоиши Душанбе як навъ талоши муколамаи давлат бо созмонҳои шаҳрвандист, то назарҳо ба ҳам наздикии бештар касб кунанд.

Дар гузоришҳои солонаи созмонҳои байнулмилалӣ вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон асосан нигаронкунанда унвон мешавад. Ахиран, ин ниҳодҳо аз қонуни нави масъулияти волидайн дар таълиму тарбияи фарзандон интиқод мекунад ва мегӯянд, он ҳуқуқи шаҳрвандонро маҳдуд менамояд.

Ҳамоиш дар рӯзҳое сурат мегирад, ки палатаи болоии порлумони Тоҷикистон ин қонунро ба тасвиб расонд ва эълом дошт, қонуни нав ба ҳеч шевае ҳуқуқи сокинони кишварро маҳдуд намекунад.

Гурӯҳи кории дастгоҳи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон барои расидагӣ ба шикоятҳои ҳуқуқии шаҳрвандон ва тавсияҳои Кумитаи ҳуқуқи башари СММ дар ҳоле таъсис меёбад, ки интизориҳои бузурги ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ва созмонҳои байнулмилал аз таъсиси мақоми Омбудсмен ё Ваколатдори ҳуқуқи инсони Тоҷикистон бароварда нашудаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG