Пайвандҳои дастрасӣ

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон барои ширкат дар бозии даври дуввуми сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2014 бо тими миллии Сурия 21-уми июл аз Қатар озими Урдун шуд.

Бо тасмими ФИФА, Федератсиюни байнулмилалии футбол, бозии сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон миёни дастаҳои Сурия ва Тоҷикистон бо назардошти вазъи амниятӣ 23-юми июл дар минтақаи бетараф – яке аз шаҳрҳои Урдун барпо мегардад.

Ба гуфтаи Пӯлод Қодиров, сармураббии тими миллии Тоҷикистон, ба ҳайати дастаи мунтахаби кишвар 18 футболбоз аз тимҳои «Истиқлол»-и Душанбе (11 нафар), «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода (3), ССКА «Помир»-и Душанбе (3) ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд (1) шомил аст.

Ҳайати дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон:
Дарвозабонҳо – Алишер Тӯйчиев («Истиқлол»), Алишер Додов(«Регар-ТадАЗ»);
Ҳимоятгарон – Эраҷ Раҷабов, Соҳиб Сувонқулов, Акмал Сабуров (ҳарсе – «Истиқлол»), Фаррух Чориев («Регар-ТадАЗ»), Фурӯғ Қодиров (ССКА «Помир»);
Нимҳимоятгарон – Иброҳим Рабимов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Дилшод Восиев, Нуриддин Давронов, Маҳмадалӣ Содиқов (ҳама - «Истиқлол»), Асадулло Нуруллоев («Хуҷанд»), Ҷамшед Исмоилов («Регар-ТадАЗ»);
Ҳамлагарон – Юсуф Рабиев, Фарҳод Тоҳиров (ҳарду – «Истиқлол»), Комил Саидов, Давронҷон Тухтасунов (ҳарду – ССКА «Помир»).

Ёдовар мешавем, ки аз ин пеш дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Сурия ҳафт сол муқаддам дар сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2006 ду бозӣ анҷом дода буданд. Дар нахустин рақобати ин дастаҳо моҳи июни соли 2004-ум дар шаҳри Хамсаи Сурия дастаҳо ду рӯз пасиҳам ба майдон баромаданд.

Рӯзии аввал, дар мавриде ки ҳисоб 3:1 ба нафъи мизбонон буд, барқ қатъ шуд ва бозӣ рӯзи дуввум аз нав барпо гашт ва бо пирӯзии суриягиҳо бо ҳисоби 2:1 поён ёфт. Бозии ҷавобӣ низ баъди се моҳ дар шаҳри Душанбе бо ғалабаи дастаи мунтахаби Сурия бо ҳисоби 1:0 ба анҷом расида буд.
Ва, инак, пас аз ҳафт сол бозии ҷавобии дастаҳои Тоҷикистону Сурия 28-уми июл дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода баргузор хоҳад шуд.

Ба ғайр аз бозии Сурия – Тоҷикистон 23-юми июл 14 бозии дигар миёни дастаҳои зерин баргузор мешавад: Тайланд – Фаластин, Лубнон – Бангладеш, Чин – Лаос, Туркманистон – Индонезия, Кувайт – Филиппин, Умон – Мянмар, Арабистони Саудӣ – Ҳонконг, Эрон- Ҷазоири Молдив, Қатар – Вйетнам, Ироқ – Яман, Сингапур – Малайзия, Узбакистон – Қирғизистон, АМА – Ҳиндустон, Урдун – Непал.

Баъдан 15 дастаи ғолиби даври дуввум ба панҷ дастае, ки рейтинги баландтарин дорад (Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Австралия, Кореяи Шимолӣ ва Баҳрайн) ҳамроҳ мешавад.

Ба ин тартиб 20 даста бар асоси қуръакашӣ ба чаҳор гурӯҳ тақсим мегардад. Дар даври саввум бозиҳои гурӯҳӣ аз 2-юми сентябри соли 2011-ум то 29-уми феврали соли 2012-ум баргузор хоҳанд шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG