Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон умедвори ҳалли "суитафоҳум" бо Баҳрайн аст


Вазири умури хориҷии Эрон Алиакбар Солеҳӣ гуфт, умедвор аст, “суитафоҳум” байни Эрон ва Арабистони Саудӣ бартараф хоҳад шуд. Ин изҳороти Солеҳӣ пас аз як ҷанги лафзӣ байни ду кишвар зимни вуруди нерӯҳои Саудия ба Баҳрайн дар моҳи март барои кӯмак ба ҳукумати суннимазҳаби Баҳранй дар муқобили ошӯби шиъамазҳабон иттифоқ афтодааст. Солеҳ гуфт, кишвараш ба истиқлолияти ҳукумати суннӣ дар Баҳрайни асосан шиъамаҳзаб арҷ мегузорад ва умедвор аст, ки муколамаи миллии пешниҳодкардаи подшоҳи Баҳрайн Ҳамад самар хоҳад дод. Солеҳӣ афзуд, Эрон хостори “сулҳу субот ва амният дар Баҳрайн” аст ва қазияро бояд мардуми худи Баҳрайн ҳал кунанд.
XS
SM
MD
LG