Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мусобиқаи қаҳрамонии кӯҳнавардии кишварҳои узви Ҷомеаи Муштаракулманофеъ, ки 16-уми июл дар минтақаи Замин-Қарори наздикии деҳаи Марғеби ноҳияи Айнии Тоҷикистон шурӯъ шуд, то рӯзи 30-юми июл идома хоҳад кард

Давлат Ҳабибов, роҳбари департаменти сайёҳии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ин мусобиқа, ки бо тасмими Шӯрои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардидааст, ба ҷашни 20-солагии таъсисёбии ин Иттиҳод бахшида шудааст.

Ба иттилои Давлат Ҳабибов дар марҳилаи аввали мусобиқот 15 даста аз Русия, Озарбойҷон, Қазоқистон ва Укроин ширкат дошт. Дар сабқати мардон Евгений Полтаветс ва Александр Заколодний, ҳарду аз Укроин, ва дар сабқати занон Маша Смеловская ва Юля Борисова, ҳарду аз Красноярски Русия ғолиб шуданд.

ФУТБОЛ. Кумитаи иҷроияи Конфедератсиюни футболи Осиё (АФК) сабқати ниҳоии Ҷоми даъвати АФК – 2012-ро 29-уми июл эълон хоҳад кард.

Барои мизбонии ин мусобиқот Ҷазоири Молдив, Фаластин ва Непал талош доранд. Ба ғайр аз дастаҳои мунтахаби ин се кишвар, инчунин, тимҳои миллии Филиппин, Ҳиндустон, Туркманистон, Тоҷикистон ва Кореяи Шимолӣ барои Ҷом мубориза хоҳанд бурд. Барандаи Ҷоми АФК-2012 соҳиби роҳхат ба Ҷоми футболи Осиё-2015 мешавад.

БОКС. Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии бокс барои дарёфти “Ҷоми губернатори шаҳри Санкт-Петербург”-и Русия ноком шуданд.

Аз панҷ муштзани тоҷик танҳо як нафар – Собирҷон Назаров дар даври аввал дар рақобатҳо дар вазни то 75 килограмм бар рақибаш Қанат Ескелови қазоқ бо нокаут ё зарбаи фаннӣ пирӯз шуд. Вале ӯ дар даври баъдӣ аз намояндаи дигари Қазоқистон Дархан Миктибеков аз рӯи холҳо бо натиҷаи 3:5 шикаст хӯрд.

Дар ин мусобиқа муштзани тоҷик Мададӣ Нағзибеков, ки дар ҳайати дастаи мунтахаби Санкт-Петербург ҳунарнамоӣ кард, дар вазни то 60 килограмм ғолиб шуд.

ҲАНДБОЛ. Мусобиқаи қаҳрамонии ҳандболи Тоҷикистон, ки дар ноҳияи Панҷ баргузор шуд, бо пирӯзии дастаи аввали вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон поён ёфт.

Дастаи “Хатлон-1” мақоми дуввумро касб кард. Дастаи дуввуми ВМКБ дар ҷойи севум қарор гирифт.
XS
SM
MD
LG