Пайвандҳои дастрасӣ

Тавофуқи ИА барои кӯмак ба Юнон


Сарони Аврупо дар Брюссел

Сарони Аврупо дар Брюссел

Cарони 17 кишвари узви минтақаи евро дирӯз дар Брюссел дар мавриди ироаи бастаи нави кӯмакҳои молӣ ба Юнон тавофуқ карданд.

Ҳаҷми ин бастаи нави кӯмак ба Юнон дар ҳудуди 159 миллиард евро ё тақрибан 215 миллиард доллар, рақам зада мешавад. Раҳбарони минтақаи евро дар як баёнияи муштарак изҳор доштанд, ки 109 миллиард евро аз ин ҷамъи кӯмакҳо аз кишварҳои Аврупо ва Сандуқи байналмилалии пул ва 49,6 миллиарди дигараш аз бахши хусусӣ хоҳад расид.

ИСТИҚБОЛ АЗ ИРОАИ БАСТАИ НАВИ КӮМАКҲО

Раиси Бонки марказии Аврупо Жан-Клод Трише аз тасвиб шудани қарори ироаи бастаи нави кӯмакҳо ба унвони як гоми муҳим дар амри тазмини суботи молии минтақаи евро истиқбол кард.

Раиси Кумиссиюни Аврупо Жозе Мануэл Баррозо низ бо истиқбол аз ҳамдастии бахши хусусӣ дар «амалиёт»-и наҷоти иқтисоди Юнон гуфт, «барои бори аввал аз оғози ин бӯҳрон сиёсат ва бозор аз як гиребон сар бароварданд.»

Вокуниши бозорҳо ва таҳлилгарон ба натиҷаҳои нишасти Брюссел муҳтона, вале ба сурати умум мусбат буд. Қурби евро, ки дар пешорӯи ин нишаст ба маҳзи зиддунақиз будани интизорот болову поён мерафт, ба дунболи нашри хабари тавофуқ дар Брюссел рӯ ба тақвият овард ва дар муқобили доллари Амрико 1,2 дарсад боло рафт.

"ДЕФОЛТИ МУНТАХАБ"

Ассошиэйтед Пресс навишт, бар асоси тавофуқ дар Брюссел, минтақаи евро замонати ҳамагуна бондҳои қарзии Юнонро, ки ба бонкҳо хоҳанд расид, ба дӯш мегирад, ки амалан ба маънои эълони «дефолти мунтахаб»-и ин кишвар аст. Чизе ки аксар интизорашро доштанд. Аммо Юнон нахустин кишвари минтақаи еврост, ки ҳарчанд барои як муддати кӯтоҳ, вале ба ҳар сурат дучори дефолт мешавад.

Қарзҳои нави Юнон бояд дарозмуддат, яъне то 30 сол ва бо фоизи хеле поин бошанд. Раисиҷумҳури Фаронса Никола Саркозӣ ҳадди аксари фоизи чунин қарзҳоро 4,5 дарсад баровард кард.

Бар иловаи тасвиби бастаи нави кӯмакҳои молӣ ба Юнон, раҳбарони минтақаи евро сандуқи ёриҳои изтирории молиро, ки чанде пеш таъсис ёфт, низ мавриди бозбинӣ қарор доданд ва ба ин сандуқ салоҳиятҳои фаротаре дода шуд, то ҳанӯз қабл аз фурӯ рафтани кишварҳо ба умқи бӯҳрон ҳаққи дахолатро дошта бошад. Ин як пешрафти ҷиддист, бахусус барои Олмон, ки то кунун аз ҳар навъ иқдом дар ин замина иҷтиноб меварзид. Бидуни Олмон, ки бузургтарин иқтисоди Аврупо ва маблағгузори асосии чунин барномаҳои имдодист, чунин бозбинӣ маъно ҳам надошт.

Нишасти Брюссел нишон дод, ки сарони минтақаи евро чӣ қадар аз эҳтимоли аз кишварҳои хурдтаре, чун Юнону Ирландия ё Португалия ба кишварҳои бузургтари ин минтақа, назири Испания ё Италия, густариш ёфтани бӯҳрони қарзҳо дар ташвиш мебошанд.

ЮНОН ДАР ТАНГНО ҚАРОР ДОРАД

Масъалаи дигари ҳассос ҳаққ ва имкони дахолат дар чунин бӯҳронҳоро ба даст овардани бахши хусусист. Юнон, албатта, дар он тангное, ки қарор гирифтааст, илоҷи дигаре ба ҷуз аз пазируфтани ҳар навъ дасти ёриро надорад. Дастикам дар ҳоли ҳозир.

Аммо баъид аст, ки сарони минтақа дарро ба рӯи бахши хусусӣ дар соҳоти дигари бӯҳронзада чунин боз кунанд. Президенти ИА Ҳерман Ван Ромпуй ҳам гуфтааст, ки «дахолати бахши хусусӣ бо Юнон ва танҳо бо Юнон маҳдуд хоҳад шуд.»

Аммо ин боз ҳам бармегардад ба он, ки оё ин кӯмакҳои ахир то куҷо сояи бесуботиро аз осмони минтақаи евро дур хоҳад кард. Вагарна баъид нест, агар ба дунболи Юнон ягон кишвари дигари ин қаламрав низ дар шароите чунон танг бимонад, ки боз ҳам дидаи умед ба сӯи бонкҳову сармоядорони хусусӣ бидӯзад.
XS
SM
MD
LG