Пайвандҳои дастрасӣ

Ширкати финии телефонсозии Nokiа хабар дод, ки дар семоҳаи дуввуми соли ҷорӣ 368 миллион евро(523 миллион доллар) зиён кашида, барои бори аввал мақоми пешсафӣ дар бозори фурӯши телефонҳои оқилро ба iPhone, фаровандаи Apple, бохт.
Nokia дар ин муддат 16,7 миллион адад смартфон фурӯхтааст, дар ҳоле ки Apple дар семоҳаи дуввум беш аз 20 миллион iPhone-ро ба фурӯш зада, 7,3 милллиард доллар фоида дидааст.
Nokia аз поёни солҳои 90 бо танг кардани ширкати амрикоии Motorola пешсафи бозори телефонҳои мобил шуда буд.
XS
SM
MD
LG