Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Volkswagen расман вориди бозори Тоҷикистон шуд


Дар пойтахти Тоҷикистон расми муаррифии мошинҳои сохти ширкати маъруфи олмонии Volkswagen доир шуд. Дар ин маросим се навъи мошинҳои ин ширкат – Scirocco, Amarok ва Touareg ба маърази намоиш гузошта шуданд. Азиз Авғонов, намояндаи Volkswagen дар Тоҷикистон ба "Азия Плюс" гуфт, онҳо умедворанд, ки мошинҳои ин ширкат дар бозори мошини Тоҷикистон ҷои сазовор пайдо хоҳанд кард.
Қимати ибтидоии ин се навъи мошинҳои Volkswagen барои Тоҷикистон аз 28 000 то 46 000 доллар таъйин шудааст.
XS
SM
MD
LG