Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нурсултон Назарбоев сари кори худ баргашт


Рӯзи аввали кори Назарбоев баъд аз ҷарроҳӣ
Рӯзи аввали кори Назарбоев баъд аз ҷарроҳӣ
Нурсултон Назарбоев-раиси ҷумҳури Қазоқистон сари кори худ баргаштааст. Қаблан гузоришҳо пахш шуда буд, ки вай дар яке аз бемористонҳои Олмон ҷарроҳӣ шудааст. Дар изҳороте, ки имрӯз дафтари раёсати ҷумҳурии Қазоқистон пахш кард, омадааст, ки раиси ҷумҳур роҷеъ ба масъалаҳои ҷории рушди иқтисоди Қазоқистон ҷаласаи корӣ баргузор кардааст. Мақомот дар бораи бемории Назарбоев хабар надодаанд ва мегӯянд, ки раҳбари онҳо муддате дар мураххасӣ будааст. Дар аввали ҳафтаи ҷорӣ рӯзномаи "Bild"-и Олмон гузориш дод, ки Назарбоеви 71 сола дар Маркази тиббии донишгоҳи Ҳомбург аз бемории сармохӯрдагии узвҳои таносулӣ ё простат ҷарроҳӣ дидааст.
XS
SM
MD
LG