Пайвандҳои дастрасӣ

Ман, Фания Гишиварова, зодаи Бошқирдистон, сокини деҳаи Шоразми ноҳияи Ваҳдат, 80 сол дорам, омӯзгори собиқадор ҳастам. Қиссаи зиндагии ман, ки дар даврони шӯравӣ гузаштааст ва бо хости тақдир ба Тоҷикистон омадаву беш аз 60 сол аст,ки ба насли навраси тоҷик, забони русӣ меомӯзам, фикр мекунам, барои хонандагони торнамои Озодӣ муфид бошад.

Аҷаб замоне буд, замони СССР. Тасаввур кунед солҳои 40-50 ми асри гузаштаро. Ман як духтараки 17-18 сола будам ва дар як хонаводаи суннатӣ дар Бошқирдистон ба дунё омадаам. Ҳоло дар тасаввури касе шояд нағунҷад, ки чӣ тавр маро як духтараки оддиро давлати шӯравӣ бовар карда, дар ҳамон солҳои 40-50 ба як кишвари бародарие мисли Тоҷикистон, ки он солҳо ҳамчун як давлати алоҳида шакл мегирифт барои кор фиристод. Барои ман чунин як боварӣ аз ҷониби давлат ва Ватан ифтихори бузург буд,ки ба неруву дониши ман ватан боварӣ дорад.

Ман, ки Донишкадаи забони русиро хатм карда будам, дар ноҳияи Орҷоникидзеобод, ҳозира Ваҳдат, ба ҳайси муаллими забони русӣ ба кор шурӯъ кардам. Ба марди тоҷик ба шавҳар баромадам ва соҳиби шаш фарзанд шудем. Ман се фарзанди шавҳарамро аз никоҳи пешинааш, ки модарашон вафот карда буд, ҳамроҳ бо шаш фарзанди худам ба воя расондам. Ҳамаашонро хонондаму соҳиби касбу кор ва оила кардам.

Шавҳарам чанд соли пеш аз дунё даргузашт. Ман бошам ба 80 қадам монда бошам ҳам,шукронаи худо,ки бардаму чобукам. Ҳар касе ки маро бинад, бовар намекунад ки 80 солаам. Ба ман ҳамеша ё 60 ё 65 солаед мегуянд.В а ҳатман асрори пир нашуднамро пурсон мешаванд. Мегӯям асрори пир нашудани ман ҳамин аст,ки ба касе бадӣ намекунам,то бар ман бад нарасад. Ҳар қадар кӣ одамон ба ҳамдигар кинаву адоват дошта бошанду бахилӣ варзанд, ҳамон қадар зиндагии худро мушкил месозанду пиру бенур мешаванд. Агар ғайбати касеро накарда бошӣ, хотират ҷамъ аст, ки туро бо ғайбат айбдор намекунанд. Агар ҳаққи касеро нахӯрда бошӣ,шаб хоби ором дорӣ ва фикр намекунӣ, ки мабод гуноҳат фош шавад. Ҳар қадар ки ба атрофиёнат муҳаббату лутф бахшӣ, чандин баробар зиёд аз он, лутфу эҳсон мебинӣ ва асабҳоят орому роҳат ки бошад, пир намешавӣ, бемор намешавӣ. Ман ин ҳарфҳоро на аз руйи панди бузургон мегӯям,балки аз таҷрибаи шахсии худам мегӯям, ки дар зиндагӣ пайдо кардаам. Ман шаш келин дорам. Ҳамаашон мисли хоҳаронанд. Маро мисли модарашон ҳурмат мекунанд.Зани ҳамсояе дорам,ки мегӯяд мехоҳам мисли шумо модар ва мисли шумо хушдоман бошам. Ва ҳамеша маслиҳат мепурсад,ки барои ин чӣ гуна бояд рафтор кунад? Ва ман бо дилу ҷон мслиҳаташ медиҳам.

Ба фарзандон ва шогирдон мегӯям: «Бадиро ҳама метавонад кардан,вале мард одаме, ки некӣ карда тавонад»

Ҳиматеро ҷое хонда будам,ки:
«Гар во намекунӣ гираҳе худ гиреҳ набош,
Абрукушода бош чу дастат кушода нест»

Ман душвортабиятарин шогирдҳоро бо лафзи ширин ва меҳрубонӣ баду некашонро мефаҳмонам ва мебинам, ки чунин муносибат беҳтару бештар кор медиҳад. То имрӯз ба ҳайси мудири таълимии мактаби миёнаи деҳаи азизам Шоразм фаъолият дорам. Ман ба ҷуз дасрҳоям дар мактаб, ба ҷавонписарони зиёде дар алоҳидагӣ забони русиро меомӯзам, ки ба Руссия ба муҳоҷират рафта, аз надонистани забон азоб накашанд.

Ягон маъракаи мардум бе ман намегузард. Ман мардуми деҳаамонро, ки чандин наслаш шогирдони мананд, хеле дӯст медорам. Онҳо ҳам маро бисёр эҳтиром мекунанд. «Муаллима» гуфта дар маъракаҳо бологузарам мегунанд. Ҳатто дар хонадор кардани фарзандонашон, интихоби келину домод низ аз ман маслиҳат мепурсанд.

Рӯзе дар як тӯйи арусӣ, аниқтараш дар маросими чодарзаони арӯс нишаста будам. Мисли ман занони куҳансолу баобруй деҳа зиёд ҳозир буданд. Ҳамин вақт модари арӯс гуфт, ки ман мехоҳам ки чодари духтарамро ҳамин муаллимма занад, ки мисли вай духтари ман ҳам бобахту дарозумру баобрӯ шавад. Бовар кунед ин барои ман хеле ҷолиб буд, ки мардум маро то чӣ ҳадд эҳтиром мекунанд.

Ман тар тӯли умри дарозе, ки дидаам, як маъниро барои худ мусаллам донистам, ки агар дар ҳар куҷоеву дар ҳар касбукоре пораи дили худро гузорӣ, яъне аз сидқи дил меҳнат кунӣ, ҳатман самарашро хоҳӣ дид. Агарчӣ ман дар ин деҳаи дурдаст беш аз 60 сол омӯзгорӣ кардаву ҳанӯз унвоне надорам, вале унвону ҷоизаи ман, эҳтироми мардум аст. Вақте аз кӯча мегузараму марду зан, пир ҷавон дастҳояшонро пеши бар гирифта саломам медиҳанд ва ҳамчун модари худ эҳтиромам мекунанд,ин беҳтарин унвону ҷоиза аст бароям.

Як чизи дигарро мехоҳам баён созам, ки дар тӯли зиндагиам дар ҳамин деҳа боре ҳам касе маро аз куҷоӣ ва ё миллати бегонаӣ гуфта ҳатто ёдрас накардааст. Он солҳо ҳамин гапҳо умуман вуҷуд надошт. Мо ҳама худро фарзандони як падару модар медонистем. Ягон кас худро аз каси дигар боло намегирифт. Ҳама барои ободиву пешрафти Ватану кишварҳоямон меҳнат мекардем. Як ҷиҳати хубаш боз ҳамин буд, ки танбаливу бекорхӯҷагиро хуш надоштанд. Ҳатто дар матбуоту радиову телевизион ва асарҳои бадеӣ, одамони танбалу коргурезро мазаммат мекарданду шармсор ва аҳли кору заҳматро бошад, аҳсану офарин гуфта, намунаи дигарон қарор медоданд.

Деҳаи мо Шоразм дар наздикии дараи Ромит ва канори дарёи Кофарниҳон ҷойгир аст. Ва ҳусну зебоиҳои онро наметавонам бо забон тасвир кунам. Ман ҳар бор зебоиву нотакрориҳои деҳаамон ва дигар нуқоти Тоҷикистонро мебинам, афсӯс мехӯрам, ки чаро рассом нестам, то ин зебоиву ин тароватро бо мӯқалам тасвир карда, ба ҷаҳониён пешкаш кунам, то бубинанд, ки ман умри бобаракатамро дар чи диёри биҳиштие пушти сар гузоштаам. Ва ҳайф аст, ки мо ин неъмати худоро, ин сарватеро, ки кишвари мо дорад, ҳифзу эҳиёт насозем. Дуои ман ҳамеша ин аст, ки сарзамини зебои моро аз ҳама балоҳои замон нигаҳдор бошаду ҷавонони нозанини моро мисли мо ба камоли пирӣ расонад. Омин!

Фания Гишиварова, сокини 80-солаи ноҳияи Ваҳдат, муаллимаи собиқадор.

(Масъули бахш Сафаргул Олимӣ)

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG