Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хушксол ва қаҳтӣ дар Сомалӣ


Кӯдаке дар ҳоли марг дар канори модараш дар бемористони Могадишу, 21 июли соли 2011.
Кӯдаке дар ҳоли марг дар канори модараш дар бемористони Могадишу, 21 июли соли 2011.

Созмони Милал мегӯяд, агар имдод сурат нагирад, ҳаёти 3 миллиону 700 ҳазор нафар бо хатар рӯбарӯ хоҳад шуд.

Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ду ноҳия дар ҷануби Сомалиро расман минтақаи шадидтарин хушкии 20 соли охир эълон кардаву ходимони созмонҳои хайрияро ба наҷоти миллионҳо нафари мувоҷеҳ ба гуруснагӣ сафарбар намуд. Он тасмим гирифт, як барномаи муфассали кӯмак ба мардуми офатзадаи манотиқи Бакул ва Шабели Поёнии ин кишвари африқоиро
Сабаби интиқоли сусти кӯмакҳо ба манотиқи ҷанубиву марказии Сомалӣ ин ҷунбиши Шабоб аст, ки ба иҷрои барномаҳои башарӣ халал мерасонад...

роҳандозӣ намояд.

Рӯзи чаҳоршанбе Дабири кулли СММ Бан Ки-мун аз кишварҳои олам хост, ки барои амалиёти наҷот дар манотиқи офатзадаи Сомалӣ камаш 1 миллиарду 600 миллион доллар ҷамъоварӣ кунанд.

Вай гуфт: “Созмони Милал чанд моҳ инҷониб бонги изтироб мезанад. Барои ҷилавгирӣ аз тавсеаи бӯҳрон ба кӯмаки кишварҳои ёрирасон эҳтиёҷ дорем. Муассисаҳои башардӯстона ба хотири наҷоти мардум оҷилан ба сармоя ниёз доранд. Агар ҳамин ҳол дахолати башарӣ сурат нагирад, эҳтимол гуруснагӣ густариш ёбад.”

Раҳбари СММ афзуд, ки ҳар рӯзи таъхир маънои онро дорад, ки шумораи қурбониҳо бештару бештар мешавад.

Марк Бовден ҳамоҳангсози барномаҳои башарии СММ дар Сомалӣ мегӯяд, бузургтарин мизони камғизоии аҳолӣ дар саросари олам ба Сомалӣ рост меояд.

Рӯзи чаҳоршанбе Бовден дар шаҳри Найробии Кения гуфт: “Дар баъзе бахшҳои Сомалӣ мизони камғизоӣ ба вижа камғизоӣ дар байни кӯдакони аз панҷсола поин ба 50 дар сад баробар аст.”

Ин мақоми СММ илова кард, ки барои мубориза бо гуруснагӣ Сомалӣ тӯли ду моҳи оянда камаш 300 миллион доллар зарур хоҳад буд. Ин

гуруснагӣ дар натиҷаи хушксол дар Сомалӣ, Кения ва Ҳабашистон (Эфиопия) зуҳур кардааст. Созмонҳои хайрия мегӯянд, манъи тақдими кӯмакҳои башарӣ, ки аз тарафи ифротгароҳои исломии Сомалӣ ҷорӣ шудааст, ба амиқрафти бӯҳрон сабаб гашт.

Ҷангҷӯёни ҷунбиши "Шабоб"-и марбут бо созмони ал-Қоида, ки ҷануби Сомалиро зери назорат дорад, як моҳ пеш ба тақдими кӯмаки хайрия иҷозат дода, иброз доштаанд, ки ба ин раванд дахолат намекунанд, вале созмонҳои хайрия ба ин ваъда зиёд бовар надоранд.

Сафири Иёлоти Муттаҳида дар СММ Сусан Райс дар ин бора мегӯяд: “Сабаби интиқоли сусти кӯмакҳо ба манотиқи ҷанубиву марказии Сомалӣ ин ҷунбиши Шабоб аст, ки ба иҷрои барномаҳои башарӣ халал мерасонад. Онҳо созмонҳои хайрияро андозбандӣ карданд, ходимони онҳоро бо таҳдид мувоҷеҳ намуданд, онҳоро куштанд, гаравгон гирифтанд ва ин аст мушкилӣ.”

Барномаи озуқаи СММ Сомалиро кишвари аз ҳама хатарнок барои иҷрои вазифаҳояш номидааст. Ду сол пеш баъд аз куштори 14 ходими хайрия Барномаи СММ фаъолият дар Сомалиро мутаққиф кард.
XS
SM
MD
LG