Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шаҳрвандони Тоҷикистонро дар Маскав боздошт карданд


Анжела Кастуева-сухангӯи сарраёсати вазорати корҳои дохилаи Русия хабар додааст, ки кормандони полиси шаҳри Маскав аз дуздии 14 тон маъдани ранга аз амборе дар фурудгоҳи Домодедово пешгирӣ кардаанд. Ба хабари ин манбаъ, шаш нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо худ аслиҳа низ доштаанд, ҳангоми боздошт натавонистаанд муқобилият нишон диҳанд. Онҳо дар вақти холӣ кардани ин миқдор маъдани мису биринҷ дар амбори дигаре дар наздикии фурудгоҳ ба даст афтодаанд.
XS
SM
MD
LG