Пайвандҳои дастрасӣ

Кобинаи нави Миср савганд ёд кард


Тантавӣ-раҳбари Шӯрои низомии Миср

Тантавӣ-раҳбари Шӯрои низомии Миср

Имрӯз ҳукумати нави Миср савганди вафодорӣ ёд кард. Ин дар ҳолест, ки ахиран тазоҳуркунандагон аз ҳукумати низомии кишвар тақозо карданд, ки баъд аз барканории Ҳуснӣ Муборак аз қудрат дар Миср ислоҳоти бештар анҷом бигирад. Кобинаи нав дорои 18 вазоратхона, ба шумули вазорати корҳои хориҷа ва вазорати молия мебошад. Мансур Эсавӣ мақоми худро чун вазир дар вазорати корҳои дохила ҳифз мекунад. Вазирони нав дар ҳузури маршал Муҳаммад Ҳусейн Тантавӣ-раҳбари Шӯрои низомии Миср раҳбарии вазоратҳои худро хоҳанд гирифт.
XS
SM
MD
LG