Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳбари як созмони ғайридавлатӣ лату кӯб шуд


Иброҳим Яганов-фаъоли ҳуқуқи башар

Иброҳим Яганов-фаъоли ҳуқуқи башар

Дар ҷумҳурии мухтори Қабардину Балқари Русия афроди номаълум Иброҳим Яганов-раиси як созмони ғайридавлатии маҳаллиро дар шаҳри Налчик сахт лату кӯб кардаанд. Замир Шухов-муовини раиси ин созмон гуфтааст, рӯзи сешанбе вақте, ки Иброҳим бо хонумаш ба хона бармегашт, панҷ нафар бо оҳанпораҳо дар даст ба онҳо ҳамла кардаанд. Яганов бо ҷароҳатҳои мухталиф ба бемористон интиқол дода шудааст. Муовини вай мегӯяд, ба эҳтимоли зиёд ин ҳамла ба фаъолиятҳои сиёсиву иҷтимоии Яганов иртибот дорад. Яганов борҳо дар суханронии худ аз фаъолияти раҳбарони ҷумҳурии мухтори Қабардину Балқар интиқод кардааст.
XS
SM
MD
LG