Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳбари ал Қоида дар Яман кушта шудааст


Сарбозони артиши Яман

Сарбозони артиши Яман

Яман мегӯяд, ҳафтаи ҷорӣ дар ҷараёни амалиёте дар ҷануби ин кишвар Аёд ал Шабванӣ-раҳбари бахши Ал Қоида дар Яман дар наздикии шаҳраки Зинҷибар кушта шудааст. Вазорати дифои Яман дар изҳороти худ гуфтааст, дар амалиёти рӯзи сешанбе Авод ал Шабванӣ-додарзодаи раҳбари минтақаии ал Қоида низ кушта шудааст. Бахши ал Қоида дар Яман вақтҳои ахир, яъне аз замоне, ки дар кишварҳои арабӣ тазоҳуроти эътирозии зиддидавлатӣ анҷом мегирад, қисматҳоеро дар ҷануби Яман ба контроли худ даровардааст. Ин пешрафти ал Қоида Амрикову Яман ва ҳамсояҳои Яманро дар Халиҷи Форс нигарон кардааст.
XS
SM
MD
LG