Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Данғара амалиёт анҷом мегирад ё машқи низомӣ?


Акс аз Бойгонӣ

Акс аз Бойгонӣ

Ниҳодҳои интизомии минтақаи Кӯлоб аз баргузории як амалиёти нерӯҳои давлатӣ дар Данғара хабар додаанд. Масъулони баъзе аз шӯъбаҳои корҳои дохила дар минтақаи Кӯлоб гуфтаанд, ки кормандони онҳо барои ширкат дар як амалиёти вижа ба ноҳияи Данғара сафарбар шудаанд. Аммо Тоҳир Норматов-раиси ситоди вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон дар ин бора ба радиои Озодӣ ин гуна изҳори назар кард:

“Раёсати корҳои дохилаи вилояти Хатлон як ҷо бо Комиссариати ҳарбӣ машқҳои низомӣ гузаронда истодаанд. Машқҳои барномарезишуда гузашта истодааст”.

Пештар Юсуф Алиев-муовини сардори Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Мӯъминобод дар сӯҳбат ба хабарнигори “Озодӣ” дар минтақа гуфт, ки сардори шӯъба ҳамроҳи теъдоде аз кормандонаш барои ширкат дар ин амалиёт ба ноҳияи Данғара рафтаанд.
Бархе аз сокинони мавзеи Гули Зиндони ноҳияи Данғара афроди мусаллаҳ дар ин минтақаро мушоҳида карда, ба гуфтаи худашон, дар ин бора ба ниҳодҳои интизомӣ хабар додаанд. Ин сокинон ҳадс задаанд, эҳтимол дорад ин афрод бақияи маҳбусони фирорӣ аз боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар маркази шаҳри Душанбе бошанд.
XS
SM
MD
LG