Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳирот масъулияти амниятиро бар дӯш гирифт


Имрӯз нируҳои НАТО дар Афғонистон масъулияти амниятӣ дар шаҳри Ҳиротро бар дӯши нируҳои худи Афғонистон вогузор карданд. Ҳирот аз чаҳорумин минтақае дар Афғонистон аст, ки нируҳои НАТО дар давоми як ҳафтаи охир масъулияти амниятиро бар дӯши нируҳои маҳаллӣ вогузор мекунанд. Мунаққидони ин барнома мегӯянд, хуруҷи нируҳои хориҷӣ то поёни соли 2014 ангезаи сиёсӣ дорад ва ба воқеияти вазъи амниятӣ дар Афғонистон дуруст намеояд, зеро нируҳои Афғонистон тавони таъмини амниятро нахоҳанд дошт.
XS
SM
MD
LG