Пайвандҳои дастрасӣ

Давраи парвозҳои Атлантис ба поён расид


Охирин фуруди Атлантис

Охирин фуруди Атлантис

Киштии кайҳонии қобили истифодаи мукаррар бо номи Атлантис баъд аз охирин парвоз ба кайҳон ба замин баргашт ва бад-ин тариқ давраи парвозҳои ин киштӣ, ки 3 даҳсола давом кард, поён ёфт. Садҳо нафар дар назди хати парвози Маркази ҳавоии ба номи Кеннедӣ дар аёлати Флорида ҷамъ шуда буданд ва аз охирин фуруди Анлатис пазироӣ карданд. Крис Фергюсон-фармондеҳи Атлантис гуфт:

“Масъулият ба поён расид. Баъд аз 30 соли хидмат дар ҷаҳон киштии қобили парвози мукаррар дар таърих ҷойгоҳи худро пайдо кард ва он комилан муттаваққиф мешавад”.

Бо таваққуфи киштии қобили парвози мукаррари NASA акунун барномаҳои кайҳонии Амрико дар Истгоҳи байналмиллалии кайҳонӣ бо киштиҳои кайҳонии Русия анҷом мегирад, то Амрико ба ҷои Атлантис киштии дигареро ҷойгузин кунад.
XS
SM
MD
LG