Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тавофуқоти Олмону Фаронса бар сари бӯҳрони евро


Ангела меркел ва Никола Саркозӣ

Ангела меркел ва Никола Саркозӣ

Дафтари раёсати ҷумҳурии Фаронса мегӯяд, президенти ин кишвар Никола Саркозӣ ва Ангела Маркел-нахуствазири Олмон баъд аз 8 соати музокирот дар Берлин роҷеъ ба бӯҳрони қарзи евро “мавзеъгирии муштарак” пайдо кардаанд. Жан Клод Юнкер-нахуствазири Люксембург, ки ҳоло раёсати гурӯҳи аврупоиро бар ӯҳда дорад, аз тавофуқоти ҷонибҳо истиқбол кард:

“Ба фикри ман, ин нукта судманд аст, ки Олмону Фаронса тавонистанд нуқтаи назарҳои худро ҳамоҳанг созанд. Ин тасмим, албатта барои тасмимгириҳои имрӯз муҳим аст ва тасмимгириро соддатар мекунад”.

Тавофуқи ҳар ду ҷониб дар ҳоле ба даст омадааст, ки қарор аст раҳбарони кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо дар мулоқоте кӯмаки дуввуми молӣ ба Юнонро баррасӣ кунанд, то чунин вазъият дар кишварҳои дигари Иттиҳодияи Аврупо пеш наояд.
XS
SM
MD
LG